>

Маркази тарҷумаи Равод — 146

6:138 Ва ба пиндори хеш гуфтанд: «[Истифода аз] Ин чаҳорпоён ва киштзор[-ҳое, ки вақфи бутҳо шуда] мамнуъ аст ва ҳеҷ кас аз он намехӯрад, магар он [гурӯҳ аз ходимони бутҳо] ки мо мехоҳем ва чаҳорпоёне ҳастанд, ки [савор шудан бар] пушташон ҳаром шудааст».Ва домҳое [доштанд], ки [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таолоро бар онҳо намебурданд, [инҳо ҳама боварҳое буд, ки] ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медоданд [ва Аллоҳ таоло] ба хотири он чи ба дурӯғ мебофтанд, ҷазояшонро хоҳад дод

6:139 Ва гуфтанд: «Он чи дар шиками ин ҷаҳорпоён аст, [агар зинда мутавалид шавад] ба мардони мо ихтисос дорад ва бар ҳамсаронамон ҳаром шудааст, ва [-ле] агар [ҷанин] мурда бошад, ҳамаи онон [аз зану мард] дар он шариканд. Ба зудӣ [Аллоҳ таоло] ононро ба сазои ин тавсифашон кайфар хоҳад дод. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакими доност

6:140 Касоне, ки аз рӯйи [чаҳлу] бехирадӣ фарзандони худро [аз тарси фақр] куштанд ва бо дурӯғ бастан ба Аллоҳ таоло он чиро, ки Аллоҳ таоло рӯзияшон карда буд, [бар худ] ҳаром донистанд, сахт зиён карданд. Бе тардид, онон гумроҳ шуданд ва ҳидоятёфта набуданд

6:141 Ӯст, ки боғҳое [бо буттаҳои] дорбастдор ва [дарахтони] бедорбаст падид овард ва [низ] дарахти хурмо ва зироате, ки меваҳояш гуногун аст ва дарахти зайтун ва анор, ки [баргҳояшон] ҳаммонанд ва [меваҳояшон] ноҳаммонанд аст. [Эй мардум] Аз меваи он чун ба бор нишаст, бихӯред ва рӯзи чиданаш ҳаққи [закоти бенавоён аз] онро бипардозед, ва [-ле] исроф накунед, [чаро ки] бе тардид, Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад

6:142 Ва [низ] аз чаҳорпоён [ҳайвоноти] борбар ва [ҳайвоноти] ғайриборӣ [-ро офарид]. Аз он чи Аллоҳ таоло ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Бе гумон, ӯ душмани ошкоре барои шумост