Маркази тарҷумаи Равод — 145
6:131 Ин [итмоми ҳуҷҷат] ба он хотир аст, ки Парвардигорат ҳеҷ гоҳ шаҳрҳоро, дар ҳоле ки мардумаш [аз паёми илоҳӣ бехабар ва] ғофиланд, ба ситам нобуд накардааст
6:132 Ва ҳамагон дар баробари он чи анҷом додаанд, дараҷоте доранд ва Парвардигорат аз он чи мекунанд, ғофил нест
6:133 Ва Парвардигорат бениёзу дорои раҳмат [-и бекарон] аст. [Эй бандагони гунаҳгор, Аллоҳ таоло] Агар бихоҳад, шуморо [бо азоб аз миён] мебарад ва пас аз шумо ҳаркиро бихоҳад, ҷойнишин месозад, ҳамчунонки шуморо низ аз насли гурӯҳи дигар офарид
6:134 [Эй кофирон] Он чи ба шумо ваъда дода мешавад, яқинан, хоҳад омад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро] нотавон созед [ва аз кайфараш бигурезед]
6:135 Бигӯ: «Эй қавми ман, ба шеваи худ амал кунед [ва бар куфру гумроҳии худ бимонед, ки] бе тардид, ман [низ ба имони хеш] амал мекунам, пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки [пирӯзии дунё ва] фарҷоми [некуи]он саро аз они кист. Бе гумон, ситамгорон [-и мушрик] растагор нахоҳанд шуд»
6:136 Ва [мушрикон] барои Аллоҳ таоло аз он чи офаридааст, аз кишту чаҳорпоён, саҳме таъйин карданд ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин махсуси Аллоҳ таолост ва ин махсуси шарикони мо [бутҳо]». Пас, он чи барои шариконашон буд, ба Аллоҳ таоло намерасад, ва [-ле] он чи барои Аллоҳ таоло буд, ба шарикони онҳо мерасад. Чи бад доварӣ мекунанд!
6:137 Ва ин гуна буд, ки шарикони онҳо [аз шаётину бутҳо] дар назари бисёре аз мушрикон [ки фақир буданд] қатли фарзандонашонро оростанд [ва зебо ҷилва доданд], то ҳалокашон кунанд ва оинашонро бар онон [ошуфта ва] муштабаҳ созанд.Ва агар Аллоҳ таоло мехост, чунин намекарданд, пас, [эй паёмбар, ту низ] ононро бо [туҳмату] дурӯғҳояшон вогузор