Маркази тарҷумаи Равод — 144
6:125 Пас, ҳар киро Аллоҳ таоло бихоҳад, ҳидоят кунад, дилашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳаркиро бихоҳад, дар гумроҳӣ вогузорад, дилашро танг [ва баста] месозад [ва пазириши ҳақро чунон барояш маҳол мегардонад, ки] гӯё мехоҳад аз осмон боло равад [ва наметавонад], Аллоҳ таоло ин чунин азобро бар касоне, ки имон намеоваранд, мегуморад
6:126 Ва [эй Паёмбар] ин [дини Ислом] роҳи рости Парвардигори туст. Ба ростӣ, ки мо оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки панд мегиранд, ба тафсил баён кардем
6:127 Барои онон назди Парвардигорашон сарои саломату амният аст ва Ӯ ба [подоши] корҳое, ки мекарданд, [дӯсту] корсозашон аст
6:128 Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»
6:129 Ва инчунин баъзе аз ситамгоронро ба баъзе дигар ба [сазои] он чи мекарданд, мусаллат мегардонем
6:130 Эй гурӯҳи ҷин ва инс, оё аз миёни шумо фиристодагоне бароятон наёмаданд, ки оёти Маро бар шумо бихонанд ва аз дидори ин рӯз ба шумо ҳушдор диҳанд? Онон мегӯянд: «[Оре] Мо алайҳи хеш гувоҳӣ медиҳем [ки омаданд]».Ва зиндагии дунё фиребашон дод ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки кофир буданд