Маркази тарҷумаи Равод — 143
6:119 Ва [эй мусулмонон] шуморо чи мешавад, ки аз он чи номи Аллоҳ таоло бар он бурдашудааст, намехӯред? Ҳол он ки [Аллоҳ таоло] он чиро бар шумо ҳаром кардааст, ба тафсил бароятон баён доштааст [пас, аз онҳо дурӣ кунед] магар чизе, ки ба [хӯрдани] он ночор шавед ва бе тардид, бисёре [аз мардум дигаронро] аз рӯйи нодонӣ бо ҳавасҳои хеш гумроҳ мекунанд. [Эй паёмбар] Яқинан, Парвардигорат ба [ҳоли] таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] донотар аст
6:120 Ва [эй мардум] гуноҳи ошкор ва пинҳонро раҳо кунед, [чаро ки] бе тардид, касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ба зудӣ дар баробари ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд
6:121 Ва [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таоло бар он бурданашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд.Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед
6:122 Оё касе, ки [дилаш аз ҷаҳлу ширк] мурда буд ва мо [бо тавҳиду имон] зиндааш гардонидем ва нуре барояш падид овардем, то дар партави [ҳидоят] он миёни мардум гом бардорад, ҳамчун касест, ки гӯӣ дар торикиҳо [гирифтор] аст ва аз он берун омаданӣ нест? Он чи кофирон мекарданд, ин гуна барояшон ороста шудааст
6:123 Ва ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд
6:124 Ва [мушрикон] чун ояте [аз Қуръон] барояшон меояд мегӯянд: «Ҳаргиз ба он имон намеоварем, магар он ки ҳаммонанди он чи ба паёмбарони илоҳӣ додашудааст, ба мо низ дода шавад». Аллоҳ таоло беҳтар медонад, ки рисолати хешро куҷо [ва бар уҳдаи чи касе] қарор диҳад. Ба зудӣ бар онон, ки муртакиби [нофармонӣ ва] гуноҳ шуданд, ба сазои найранге, ки варзида буданд, аз ҷониби Аллоҳ таоло хорӣ ва азоби сахте хоҳад расид