>

Маркази тарҷумаи Равод — 142

6:111 Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи онон мефиристодем ва [ҳатто] агар мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро даста-даста дар баробарашон гирд меовардем, [то ростгӯии паёмбарро гувоҳӣ диҳанд], боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад, вале бештарашон нодонӣ мекунанд

6:112 Ва [эй Паёмбар- Муҳаммад, туро бо душмании мушрикон озмудем ва] ҳамчунин, барои ҳар паёмбаре душмане аз шаётини инс ва ҷин қарор додем, ки бархе аз онон дар ниҳон ба бархе дигар суханони фиребанда [ва беасос] илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост, [ҳаргиз] чунин намекарданд.Пас, ононро ба дурӯғҳое, ки мебофанд, вогузор

6:113 Ва [чунин кардем, то ононро биозмоем, хостем] то дилҳои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, ба он [сухани фиребанда] бигарояд ва онро биписандад ва ҳар гуноҳе, ки мехоҳанд муртакиб шаванд

6:114 [Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Оё [сазост, ки барои қазоват дар бораи ихтилофи ману шумо] доваре ҷуз Аллоҳ таоло биҷӯем? Ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китобро бо тафсил ба сӯйи шумо нозил кардааст».Ва онҳо, ки китоб [-и осмонӣ] ба эшон додаем, медонанд, ки он [Қуръон] аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил шудааст.Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош

6:115 Ва суханони Парвардигорат [Қуръон] бо ростӣ [ дар гуфтор] ва адл [дар аҳком] ба ҳадди тамом ба камол расид. Ҳеҷ тағйирдиҳандае барои суханонаш нест ва Ӯ шунавову доност

6:116 Ва агар аз бештари мардуми замин итоат кунӣ, аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунанд. Онон ҷуз гумон [-и беасоси худ аз чизе] пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намебофанд

6:117 Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф мешавад, донотар аст ва Ӯ ба [ҳоли] роҳёфтагон [низ] донотар аст

6:118 Пас, [эй мардум] агар ба оёташ имон доред, [фақат] аз [гӯшти] он чи номи Аллоҳ таоло [ҳангоми забҳ] бар он бурдашудааст, бихӯред