Маркази тарҷумаи Равод — 141
6:102 Ин аст Аллоҳ таоло-Парвардигори шумо, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, офаринандаи ҳама чиз аст, пас, Ӯро бипарастед ва [бидонед, ки] Ӯ [муроқибу] коргузори ҳама чиз аст
6:103 Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва [-ле] Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯст, ки борикбин ва огоҳ аст
6:104 [Эй паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Баростӣ далоили ошкоре аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст, пас, ҳар ки [бо басирату мантиқ дар бораи он] биандешад, ба суди ӯст ва ҳар ки чашм [бар ҳақиқат] бибандад, ба зиёни ӯст ва ман нигаҳбони шумо нестам»
6:105 Ва инчунин нишонаҳо [ва далоили қудрати илоҳӣ]-ро гуногун баён мекунем, то мабодо [мушрикон] бигӯянд: «[Онҳоро аз аҳли китоб] омӯхтаӣ».Ва мо ин оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд [ва мефаҳманд], ба равшанӣ баён мекунем
6:106 [Эй паёмбар] Аз ончи ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва аз мушрикон рӯй бигардон
6:107 Ва агар Аллоҳ таоло мехост, [онон ҳаргиз] ширк намеварзиданд.Ва мо туро бар онон нигаҳбон қарор надодаем ва ту [ҳаргиз муроқибу] коргузорашон нестӣ
6:108 Ва [эй муъминон, ҳаргиз] ба онҳо [бутҳо], ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, дашном надиҳед, [чаро ки] онон низ аз рӯйи душманӣ [ва] нодонӣ ба Аллоҳ таоло дашном медиҳанд. Ин гуна барои ҳар уммате кирдорашонро оростем.Сипас бозгашташон [дар қиёмат] ба сӯйи Парвардигорашон аст ва ононро аз ончи анҷом медоданд, огоҳ месозад
6:109 Ва [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд
6:110 Ва мо дилҳо ва дидагонашонро [аз дарки ҳақоиқ] бармегардонем, чунончи нахустин бор ба он имон наёварданд ва ононро дар [нофармонӣ ва] туғёнашон саргашта раҳо мекунем