>

Маркази тарҷумаи Равод — 140

6:95 Бе тардид Аллоҳ таоло шикофандаи дона[-и гиёҳҳо] ва ҳаста[-и хурмо дар дили замин] аст. [Мавҷуди] Зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварад [равиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи ба зоҳир] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад [берун омадани тухм ё нутфа аз ҳайвонот]. Ин Аллоҳ таолост, [ки чунин қудрати мутлақе дорад].Пас, чигуна [аз роҳи бандагии Ӯ] бозгарданда мешавед?

6:96 [Ӯ] Шикофандаи сапедадам аст ва шабро [мояи] оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро [низ] бо ҳисоб [ва назми дақиқ падид овард]. Тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно чунинаст

6:97 Ва [эй фарзандони Одам] Ӯст, ки ситорагонро бароятон қарор дод,то дар торикиҳои хушкӣ ва дарё ба [кумаки] онҳо роҳ ёбед. Ба ростӣ, ки мо нишонаҳо [-и тавону тадбири хеш]-ро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён кардаем

6:98 Ва Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид, пас, барои шумо [дар раҳими модар] қароргоҳе аст ва [дар пушти падар] амонатгоҳе. Мо оёт [-и худ]-ро барои мардуме, ки [каломи илоҳиро] мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем

6:99 Ва Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ рехт ва аз он [борон] ҳар гуна рӯйидание баровардем ва аз он [низ ҳар кишту гиёҳи] сабзеро рӯёнидем, [ки] аз он [гиёҳҳо низ барои тағзияи шумо] донаҳои мутарокиме [ҳамчун гандуму ҷав] падид меоварем ва [ҳамчунин] аз шукуфтаи нахл хӯшаҳои наздик ба якдигар [рӯёнидем] ва боғҳое аз ангур ва зайтуну анор [офаридем меваҳое, ки] бархе ҳаммонанд ва бархе ноҳаммонанд ҳастанд. Вақте ба бор нишаст ба меваҳои он ва [тарзи] расиданаш бингаред. Дар ин [офариниш] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳои [равшану қудрати илоҳӣ] аст

6:100 Ва [мушрикон] барои Аллоҳ таоло шариконе аз ҷин қоил шудаанд, ҳол онки [Аллоҳ таоло худ] онҳоро офаридааст.Ва[ҳамчунин] аз рӯйи нодонӣ барояш [фарзандон] писару духтар месозанд. Ӯ аз он чи васф мекунанд, поку бартар аст

6:101 [Ӯ] падидоварандаи осмонҳо ва замин аст, чигуна мумкин аст фарзанд дошта бошад, дар ҳоле ки ҳамсаре надорад? Ва ҳама чизро офарида ва Ӯ ба ҳар чизе доност