>

Маркази тарҷумаи Равод — 14

2:89 Ва ҳангоме ки аз тарафи Аллоҳ таоло китобе [Қуръон] барои онон омад, ки тасдиқкунандаи матолибе буд, ки бо худ доштанд [Таврот] ва [ба интизор расидани ин китоб] аз қабл ба худ навиди пирӯзӣ бар кофиронро медоданд, бо ин ҳама вақте он касеро, ки аз пеш шинохта буданд [Муҳаммад], наздашон омад, инкораш карданд. Лаънати Аллоҳ таоло бар кофирон бод!

2:90 Ба чи баҳои баде худро фурӯхтанд, ки аз рӯйи ҳасад [ва бартарихоҳӣ] ба он чи Аллоҳ таоло фиристода буд, кофир шуданд, ки чаро Аллоҳ таоло аз фазли хеш бар ҳар кас аз бандагонаш, ки мехоҳад [ваҳй] нозил мекунад. Пас, [ба хотири ин ҳасодат] беш аз пеш ба хашми [илоҳӣ] гирифтор шуданд ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст

2:91 Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, имон биёваред", мегӯянд: "Мо ба чизе имон меоварем, ки бар худи мо нозил шудааст" ва ба ғайри он кофир мешаванд, дар ҳоле ки он [Қуръон сухани] ҳақ ва тасдиқкунандаи матолибе аст, ки бо худ доранд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [рост мегӯед ва] муъминед, пас, чаро паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед"?!

2:92 Ва ба ростӣ, Мӯсо муъҷизаҳову нишонаҳои равшане бароятон овард, он гоҳ шумо пас аз вай дар ҳоле гӯсоларо [барои парастиш] баргузидед, ки [ба хотири ин ширкварзӣ нисбат ба худ] ситамгор будед

2:93 Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро, ки аз шумо паймон гирифтем [ки аз фармудаҳои илоҳӣ ва раҳнамудҳои Мӯсо пайравӣ кунед] ва [кӯҳи] Турро болои саратон барафроштем [ва гуфтем]: "Он чи [аз аҳкоми Таврот] ба шумо додаем, маҳкам бигиред ва [ба каломи Аллоҳ таоло] гӯш фаро диҳед". Гуфтанд: "[Бо гӯшҳоямон] Шунидем, [вале бо рафторамон] нофармонӣ кардем"; ва ба сабаби куфрашон бо [муҳаббати] гӯсола дар дилҳояшон ҷой гирифт. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [воқеан] муъмин ҳастед, имонатон чи фармони баде ба шумо медиҳад"