>

Маркази тарҷумаи Равод — 139

6:91 Ва [мушрикон бузургӣ ва мақоми] Аллоҳ таолоро чунон ки сазовори Ӯст нашинохтанд, чаро ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло бар [ҳеҷ] башаре чизе нозил накардааст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Он китоберо, ки Мӯсо овард, чи касе нозил кардааст? [Ҳамон китобе, ки] барои мардум рӯшноӣ ва раҳнамуде буд [ва шумо яҳудиён] онро ба сурати [пароканда бар] туморҳо дармеоваред [ва ҳар чиро ки мехоҳед] аз он ошкор месозед ва бисёреро пинҳон мекунед.Ва [акнун, эй қавми араб] чизҳое [аз оёт ва ахбори Қуръон] ба шумо омӯхта шуд, ки на худ медонистед ва на падаронатон». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло [онро нозил кардааст». Онгоҳ [дар ҷаҳлу гумроҳӣ] раҳояшон кун, то дар жарфо [-и ақоиди ботил]-и худ саргарми бозӣ бошанд

6:92 Ва ин [Қуръон] китоби мубораке аст, ки онро нозил кардем, [то] тасдиқкунандаи чизе бошад, ки пеш аз он нозил шудааст ва [ҳамчунин] барои он аст, ки ба [сокинони] Умму-л-қуро [Макка] ва [мардуми] перомунаш ҳушдор диҳӣ.Ва касоне, ки ба охират имон меоваранд, ба ин [китоб] низ имон меоваранд ва бар намози хеш мувозибат мекунанд

6:93 Ва кист ситамгортар аз он ки дурӯғе ба Аллоҳ таоло бибандад ё бигӯяд: «Ба ман [низ] ваҳй шудааст», дар ҳоле ки ҳеҷ ваҳйе ба ӯ нарасидааст ва [ё] касе, ки бигӯяд: «Ман [ҳам] монанди он чи ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, [бароятон] нозил мекунам»? Ва [эй паёмбар, саҳнаи ҳавлноке аст] агар ҳангомеро бубинӣ, ки [ин] ситамгорон дар [тарсу] сахтиҳои марг фурӯ рафтаанд ва фариштагон [-и қабзи рӯҳ] дастҳояшонро [ба сӯйи онон] кушудаанд [ва фарёд мезананд]: «Ҷонҳои хешро [аз бадан] берун диҳед. Имрӯз ба [сазои] он чи ба ноҳақ бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебастед ва дар баробари оёташ такаббур мекардед, ба азоби хоркунанда муҷозот мешавед»

6:94 Ва [рӯзи қиёмат Аллоҳи мутаол мефармояд] «ҳамон гуна ки шуморо нахустин бор [бидуни молу мақом] офаридем, [акнун низ] ҳатман, танҳо ба сӯйи мо омадаед ва он чиро ба шумо арзонӣ карда будем, пушти сари худ [дар дунё] вогузоштед ва [маъбудону] шафоатгаронеро, ки дар [кори] хеш шарикони [Аллоҳ таоло] мепиндоштед, ҳамроҳатон намебинем. Ба ростӣ, пайванди миёни шумо гусаста аст ва он чи [шарики мо ва шафеъи худ] мепиндоштед, гум гаштааст»