>

Маркази тарҷумаи Равод — 138

6:82 Касоне, ки имон овардаанд ва имонашонро ба [ҳеҷ] ширке наолудаанд, ононанд, ки амн [-у оромиш] доранд ва роҳёфтагонанд»

6:83 Ва ин [истидлол] ҳуҷҷати мо буд, ки ба Иброҳим дар баробари қавмаш додем. [Дар дунё ва охират мақоми] Ҳар киро, ки биҳоҳем, ба дараҷоти болое мебарем. [Эй паёмбар] Бе тардид, Парвардигорат ҳакиму доност

6:84 Ва ба ӯ [Иброҳим] Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамаро [ба роҳи рост] ҳидоят кардем.Ва пештар Нуҳро [низ] ҳидоят карда будем ва аз насли ӯ Довуд, Сулаймон, Аюб, Юсуф, Мӯсо ва Ҳорунро [ба роҳи ҳақ раҳнамун гаштем] ва накукоронро ингуна подош медиҳем

6:85 Ва [ҳамчунин] Закариё, Яҳё, Исо ва Илёс[-ро роҳ намудем, ки] ҳама аз шоистагон буданд

6:86 Ва Исмоил, Ясаъ, Юнус ва Лут[-ро низ ҳидоят кардем] ва ҷумлагиро бар ҷаҳониён бартарӣ додем

6:87 Ва [низ] аз падарон ва фарзандону бародаронашон [бархеро бартарӣ додем ва] ононро баргузидем ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем

6:88 Ин ҳидояти Аллоҳи мутаол аст, ки ҳар касе аз бандагонашро, ки бихоҳад, бо он ҳидоят мекунад ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд

6:89 Инон касоне ҳастанд, ки ба эшон китобу ҳикмат ва нубувват бахшидем. Пас, [эй паёмбар] агар инон [ мушрикон] ба ин [паёмбарон ва китобҳои илоҳӣ] куфр биварзанд, ҳатман, гурӯҳ [-и муҳоҷирин ва ансор ва тобеин]-ро бар [ҳифзу нигаҳбонии] он [усулу ақоид] мегуморем, ки нисбат ба он кофир набошанд

6:90 Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон кардааст, пас, [эй паёмбар] аз ҳидоят [-у роҳи рост]-и эшон пайравӣ кун, [ва ба қавмат] бигӯ: «Ман дар баробари ин [рисолат] подоше аз шумо намехоҳам. Ин [Қуръон чизе] нест, магар [ёдоварӣ ва] панде барои ҷаҳониён»