Маркази тарҷумаи Равод — 137
6:74 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ба падараш –Озар– гуфт: «Оё бутҳоро маъбуди [хеш] мегирӣ? Ба ростӣ, ки ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам»
6:75 Ва ин гуна фармондиҳии [шукӯҳманди] осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем, то [ягонагии Аллоҳ таоло ва гумроҳии Озар ва қавмашро дарёбад ва] аз аҳли яқин бошад
6:76 Пас, ҳангоме ки [торикии] шаб Ӯро дарбар гирифт, ситорае дид, [ва] гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дӯст надорам»
6:77 Пас, ҳангоме ки моҳро тобанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, ҳатман, аз гумроҳон будам»
6:78 Пас, ҳангоме ки хуршедро дурахшанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст. Ин бузургтар аст». Он гоҳ вақте ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм, ман аз он чи [барои Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам»
6:79 Ба ростӣ, ки ман ҳақгароёна дин [-у ибодат]-и хешро барои касе холис кардам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон нестам»
6:80 Ва қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?
6:81 Ва чигуна аз он чи шарик [-и Аллоҳ таоло] мепиндоред битарсам бо он ки шумо худ намеҳаросед аз ин ки чизеро шарики Аллоҳи мутаол сохтаед, ки Ӯ [ҳеҷ] далеле дар бораи [ҳаққонияти] он бар шумо нозил накардааст? Пас, агар медонед, [бигӯед] кадом як аз ин ду гурӯҳ [муваҳҳид ва мушрик] ба амният [ва дурӣ аз азоб] сазовортар аст?