>

Маркази тарҷумаи Равод — 136

6:69 Ва [ҳарчанд] чизе аз ҳисоб [ ва гуноҳи] онон бар [уҳдаи] парҳезгорон нест, вале ёдоварӣ [ва иршод лозим] аст, бошад, ки парво кунанд

6:70 Ва касонеро, ки динашонро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтаанд ва зиндагии дунё ононро фирефтааст, раҳо кун ва [мардумро] бо ин [Қуръон] андарз деҳ, то мабодо касе ба [кайфари] ончи ба даст овардааст, ба ҳалокат биафтад, дар ҳоле ки дар баробари Аллоҳи мутаол барои [раҳоӣ аз азоби] он на [дӯст ва] корсозе дорад ва на шафоатгаре.Ва[ҳатто] агар [бихоҳад барои наҷоти хеш] ҳар фидяе диҳад, аз ӯ пазируфта намешавад. Инҳо ҳастанд, ки ба [кайфари] он чи ба даст овардаанд, ҳалок гаштаанд ва ба [сазоӣ] он ки куфр меварзиданд, шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе пурдард [дар пеш] доранд

6:71 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Аллоҳи мутаол чизеро бихонем, ки на ба мо суд медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Аллоҳ таоло моро ҳидоят кардааст, [ба сӯйи гумроҳӣ] ба ақиб бозгардем? Ҳамчун касе, ки шаётин ӯро [фиреб дода ва аз роҳи рост] бадар бурдаанд ва ӯ дар замин ҳайрону саргашта мондааст, дар ҳоле ки ӯ ёрон [-и дилсӯз] дорад, ки ба ҳидоят даъваташ мекунанд [ва мегӯянд]: “Ба сӯйи мо биё”»!Бигӯ: «Бе тардид, ҳидояти [ростин] ҳидояти Аллоҳ таолост ва мо фармон ёфтаем, ки таслими Парвардигори ҷаҳониён бошем

6:72 Ва ин ки намоз барпо доред ва аз ӯ парво кунед ва Ӯст, ки ба пешгоҳаш ҳашр хоҳед шуд»

6:73 Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло ба ҳар чизе] бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад. Сухани Ӯ ҳақ аст. Ва рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Ӯ донои пинҳону пайдост ва Ӯст, ки ҳакими огоҳ аст