Маркази тарҷумаи Равод — 135
6:60 Ва Ӯст, ки шабонгоҳ рӯҳатонро [ҳангоми хоб] мегирад ва [ҳам Ӯст, ки] ончиро дар рӯз ба даст овардаед, медонад. Сипас шуморо дар он [рӯз] бедор мекунад, то он ки замони муайяне сипарӣ гардад,; онгоҳ [ки вафот кардед, дар қиёмат] бозгаштатон ба сӯйи Ӯст. Сипас шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ мекунад
6:61 Ва Ӯ бар бандагонаш чира аст ва нигаҳбононе [аз фариштагон] бар шумо мефиристад, то замоне, ки марги яке аз шумо фаро расад, фиристодагони мо [бо ҳамроҳи фариштаи марг] ҷонашро мегиранд ва онон [дар маъмурияти худ] кӯтоҳӣ намекунанд
6:62 Он гоҳ ба сӯйи Аллоҳ таоло, ки [ёру] корсози ростинашон аст, бозгардонда мешаванд. Огоҳ бошед! Ҳукм аз они Ӯст ва Ӯ сареътарин ҳисобрас аст
6:63 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки шуморо аз торикиҳо [ва сахтиҳои] хушкӣ ва дарё наҷот медиҳад? [Дар ҳоле ки] Ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед [ва мегӯед] “Агар моро аз ин [вартаи марг] наҷот диҳад, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем буд”»
6:64 Бигӯ: «Аллоҳи мутаол шуморо аз инҳо ва аз тамоми сахтиҳо наҷот медиҳад,он гоҳ шумо [боз ҳам] ширк меварзед»
6:65 Бигӯ: «Ӯ тавоност, ки бар шумо азобе [ҳамчун соиқа ва тӯфон] аз болои саратон ё [ҳамчун хушксолӣ ва зилзила] аз зери пойҳоятон бифиристад ё шуморо ба сурати гурӯҳҳои пароканда [ва ҷудо аз ҳам] дароварад ва азоби бархе аз шуморо ба бархе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна оёт [-и худ]-ро гуногун баён мекунем, бошад, ки дарёбанд
6:66 [Эй Паёмбар] Қавми ту он [Қуръон]-ро дурӯғ шумурданд, дар ҳоле ки он [китоб] ҳақ аст. [Ба кофирони қавмат] Бигӯ: «Ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
6:67 Ҳар хабаре саррасиде [барои вуқуъ] дорад ва [ба зудӣ] хоҳед донист [ки саранҷоматон чигуна аст]»
6:68 Ва ҳаргоҳ касонеро дидӣ, ки дар оёти Мо [бо душманӣ ва тамасхур] гуфтугӯ мекунанд, аз онон рӯ бигардон, то ба сухани дигаре бипардозанд.Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андохт, пас, аз он ки ёд овардӣ, бо қавми ситамгор [мушрик] манишин