>

Маркази тарҷумаи Равод — 134

6:53 Ва ин чунин бархе аз ишонро ба бархе дигар озмудем, то [кофирони сарватманд дар бораи муъминони мустаманд] бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо ҳастанд, ки Аллоҳи таоло [бо бахшиши тавфиқи имон] бар онон миннат ниҳодааст?» Оё Аллоҳи мутаол ба [ҳоли] сипосгузорон донотар нест?

6:54 Ва [эй Паёмбар] ҳар гоҳ касоне, ки ба оёти Мо имон доранд, назди ту оянд, бигӯ: «Салом бар шумо. Парвардигоратон [дар ҳаққи шумо бахшоиш ва] раҳматро бар худ муқаррар доштааст. Ҳар касе аз шумо, ки ба нодонӣ кори баде анҷом диҳад ва онгоҳ тавба намояд ва [гузаштаи хешро] ислоҳ кунад, пас, [бидон, ки] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»

6:55 Ва инчунин оёти [худ]-ро шарҳ медиҳем, то роҳи гунаҳкорон равшан шавад [ва шумо аз он дурӣ кунед]

6:56 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман наҳй шудаам аз ин ки касонеро бипарастам, ки шумо ба ҷойи Аллоҳи мутаол мехонед». Бигӯ: «Ман аз ҳавасҳоятон пайравӣ намекунам, ки [агар чунин кунам] ҳатман, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд»

6:57 Бигӯ: «Ман далели равшане аз Парвардигорам дорам, ва [-ле] шумо онро дурӯғ пиндоштед.Ва он чи ба шитоб хостораш ҳастед, [азоби илоҳӣ] назди ман нест. Фармон, танҳо аз они Аллоҳ таолост, [ки] ҳақро баён мекунад ва Ӯ беҳтарин ҷудокунанда[-и ҳақ аз ботил] аст»

6:58 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар он чи ки ба шитоб хостораш ҳастед, назди ман буд, [бар саратон фуруд меовардам ва] кори миёни ману шумо ба поён мерасид, ва [-ле] Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон донотар аст [ва ба онон муҳлат медиҳад]»

6:59 Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад