Маркази тарҷумаи Равод — 133
6:45 Пас, решаи он гурӯҳе, ки ситам карданд, барканда шуд ва ситоиш махсуси Аллоҳ таоло –Парвардигори ҷаҳониён– аст
6:46 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло гӯшу чашмҳоятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр бизанад, кадом маъбуде ба ҷуз Аллоҳ таоло [метавонад] онҳоро ба шумо бозгардонад?» Бубин, чигуна оётро [ба шеваҳои] гуногун [баён] мекунем, онгоҳ онон рӯй мегардонанд
6:47 Бигӯ: «Биандешед, агар азоби илоҳӣ ба ногоҳ ё ошкоро ба суроғатон биояд, оё ҷуз гурӯҳи ситамгорон [касе] нобуд мешавад?»
6:48 Ва мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем, пас, ҳар ки имон биоварад ва [хештанро] ислоҳ кунад, на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд
6:49 Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ шуморидаанд, ба [сазои] он ки нофармонӣ мекарданд, азоб [-и илоҳӣ] домангирашон хоҳад шуд
6:50 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?
6:51 Ва [эй Паёмбар] бо ин [Қуръон] ба онон, ки метарсанд, ба сӯйи Парвардигорашон [барангехта] ва гирд оварда шаванд, ҳушдор деҳ, [чаро] ки ба ҷуз Ӯ барояшон на [дӯсту] корсозе ҳаст ва на шафоатгаре, бошад, ки парво кунанд
6:52 Ва касонеро, ки [фақиранд ва ] бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд [ва] хушнудии Ӯро металабанд [аз маҷолиси худ] тард накун [ки ба бузургони мушрикин таваҷҷуҳ кунӣ], на чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳост, ки [бихоҳӣ аз перомунат] тардашон кунӣ ва аз ситамгорон шавӣ