Маркази тарҷумаи Равод — 132
6:36 Ба ростӣ, танҳо касоне [даъвати ҳақро] мепазиранд, ки мешунаванд [ва дарк мекунанд] ва Аллоҳ таоло мурдагонро [рӯзи қиёмат] бармеангезад, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд
6:37 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро нишонае [дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад] аз тарафи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?» [Эй паёмбар] бигӯ: «Бе гумон, Аллоҳ таоло тавоност, ки нишонае [мутобиқи хости онон] нозил кунад», вале бештарашон намедонанд, [ки нузули ваҳй, бар асоси ҳикмату тадбир аст]
6:38 Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест ва на ҳеҷ парандае, ки бо болҳои худ парвоз мекунад, магар он ки онҳо [низ дар офариниш ва зиндагӣ] гурӯҳҳое монанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизеро дар китоб [Лавҳи маҳфуз] фуругузор накардаем, сипас [ҳамаро рӯзи қиёмат] назди Парвардигорашон гирд меоваранд
6:39 Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ ангоштаанд, кару гунг ва дар торикиҳо[-и ҷаҳл саргашта] ҳастанд. Аллоҳи мутаол ҳаркиро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳаркиро бихоҳад, бар роҳи рост қарораш медиҳад
6:40 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ба ман хабар диҳед, ки агар азоби Аллоҳи мутаол ба суроғатон биояд ё [ногаҳон] қиёмат барпо шавад, оё ғайр аз Аллоҳ таолоро [ба ёрӣ] мехонед?»
6:41 Оре, танҳо Ӯро [ба дуо] мехонед ва агар Ӯ бихоҳад, он чиро ки ба хотираш ӯро фаро мехонед, аз байн мебарад ва шумо [низ аз тарси азоб] шарикеро, ки барояш қоил шудаед, аз ёд мебаред
6:42 [Эй Паёмбар] Бе тардид, пеш аз ту [низ паёмбароне] ба сӯйи умматҳо[-и пешин] фиристодем ва ононро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд
6:43 Пас, чаро ҳангоме ки азоби мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Вале [дар ҳақиқат] дилҳояшон сахт шудааст ва шайтон он чиро анҷом медоданд, барояшон оростааст
6:44 Пас, вақте [мушрикон] ончиро, ки ба он панд дода шуда буданд, фаромӯш карданд, дарҳои ҳар чизе [аз неъматҳои илоҳӣ]-ро бар онон кушудем, то ба он чи ба эшон дода шуда буд, шод гардиданд. Ногаҳон ононро [ба куфр] гирифтем, пас, ҳамон дам [ҳамагӣ аз наҷоту раҳмат] маъюс шуданд