>

Маркази тарҷумаи Равод — 131

6:28 [Чунин нест, ки мегӯянд] Балки он чи пеш аз ин пинҳон мекарданд, барояшон ошкор шудааст ва агар [ҳам ба дунё] бозгардонда шаванд, бе тардид ба он чи аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва инон дурӯғгӯ ҳастанд

6:29 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Ҷуз зиндагии мо дар дунё ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд»

6:30 Ва агар ононро ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд, бубинӣ, [шигифтзада мешавӣ. Аллоҳ таоло ба онон] мегӯяд: «Оё ин [зиндагии пас аз марг] ҳақ нест?» Онон мегӯянд: «Бале, қасам ба Парвардигорамон [ки ҳақ аст]. [Аллоҳ таоло] мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, ин азобро бичашед»

6:31 Касоне, ки дидори Парвардигорро дурӯғ ангоштаанд, ҳатман, зиён диданд, [пас] ҳангоме ки ногаҳон қиёмат бар онон фаро расад, дар ҳоле ки бори [сангини] гуноҳҳони хешро бар пушташон ҳамл мекунанду мегӯянд: «Эй дареғ, бар мо аз он чи дар бораи он [дар дунё] кӯтоҳӣ кардем»! Ҳон! Чи бад аст боре, ки [бар дӯш] мекашанд!

6:32 Зиндагии дунё [чизе] ҷуз бозича ва саргармӣ нест, ва ҳатман, сарои охират барои касоне, ки парво пеша мекунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?

6:33 [Эй Паёмбар] ба яқин мо медонем, ки ончи [мушрикон] мегӯянд, туро сахт ғамгин мекунад. Дар воқеъ, онон туро[дар дил] такзиб намекунанд, балки ситамгорон [бо он ки ҳақиқатро медонанд] оёти Аллоҳ таолоро инкор мекунанд

6:34 Ва пеш аз ту низ паёмбароне такзиб шудаанд, вале бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд, шикебоӣ карданд, то [саранҷом] ёрии мо бар онон фаро расид ва суханони Аллоҳ таоло [дар мавриди пирӯзии паёмбаронаш]-ро ҳеҷ тағйирдиҳандае нест [ки монеъ гардад] ва мусалламан, ахбори паёмбарони [пешин ва достони шикасти душманонашон] ба ту расидааст

6:35 Ва [эй паёмбар] агар рӯйгардонии онон [аз Қуръон] бар ту ногувор [ва душвор] аст, агар метавонӣ нақбе (тунел) дар замин ё нардбоне дар осмон биҷӯӣ, то муъҷиза [дигар] барояшон биёварӣ [пас, чунон кун, вале суде надорад].Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ононро бар [масири] ҳидоят ҷамъ мекард, пас, ҳаргиз аз нодонон мабош