>

Маркази тарҷумаи Равод — 130

6:19 [Эй паёмбар, бар мушрикон] Бигӯ: «Гувоҳии чи касе аз ҳама беҳтар аст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло [ки] миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон [аз ҷониби Ӯ] бар ман ваҳй шудааст, то ба василаи он ба шумо ва ҳар ки [ин паём ба ӯ] мерасад, ҳушдор диҳам. Оё шумо ба ростӣ гувоҳӣ медиҳед, ки бо Аллоҳ таоло маъбудони дигаре ҳаст?» Бигӯ: «Ман [ҳаргиз ба чунин чизе] гувоҳӣ намедиҳам». Бигӯ: «Яқинан Ӯ танҳо маъбуди ягона аст ва ман аз он чи [бо Ӯ] шарик қарор медиҳед, безорам»

6:20 Касоне, ки ба онон китоб [-и осмонӣ] додаем, ҳамон гуна ки писарони худро мешиносанд, [паёмбар]-ро мешиносанд. Онон ки [бо пайравӣ аз ҳавои нафс] ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд

6:21 Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад [ва барояш шарик мепиндорад] ё оёташро дурӯғ меангорад? Яқинан, ситамгорони [мушрик] растагор намешаванд

6:22 Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи ононро ҷамъ мекунем ва ба касоне, ки ширк варзидаанд, мегӯем: «Маъбудонатон, ки [шарики Аллоҳ таоло] мепиндоштед, куҷо ҳастанд»?

6:23 Онгоҳ [посух ва] узрашон ҷуз ин нест, ки мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло –Парвардигорамон– савганд, ки мо мушрик набудем»

6:24 [Эй паёмбар] Бингар,чигуна бар худ дурӯғ бастанд ва он чи [дар мавриди шафоати маъбудонашон] ба дурӯғ мегуфтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд

6:25 Ва афроде аз онон [мушрикон] ҳастанд, ки [ҳангоми тиловати Қуръон] ба ту гӯш месупоранд ва [-ле] мо бар дилҳояшон парда афкандаем, то онро нафаҳманд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [қарор додаем] ва агар тамоми муъҷизот [ва далоили тавҳид]-ро бубинанд, [боз ҳам] ба он имон намеоваранд, то наздат биёянд ва бо ту муҷодала кунанд. Касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Ин [Қуръон, чизе] Нест магар афсонаҳои пешиниён»

6:26 Ва онон [мардум]-ро аз пайравии ӯ [паёмбар] бозмедоранд ва худ [низ] аз ӯ дур мешаванд ва [касе] ҷуз хештанро ҳалок намекунанд ва [-ле] намедонанд

6:27 Ва агар [ононро] ҳангоме ки дар баробари оташ [-и дузах] нигаҳ доштаанд, бубинӣ, [аз ҳолашон шигифтзада мешавӣ, ки] мегӯянд: «Эй кош, [ба дунё] бозгардонда мешудем ва оёти Парвардигорамонро такзиб намекардем ва аз муъминон будем»!