Маркази тарҷумаи Равод — 129
6:9 Ва агар он [фиристода]-ро фариштае қарор медодем, ҳатман, вайро ба шакли марде дармеовардем [то битавонанд ӯро бубинанд ва суханонашро бифаҳманд] ва яқинан, ононро дучори ҳамон иштибоҳе мекардем, ки қаблан дар он буданд [зеро ӯ низ сурати инсон дошт]
6:10 [Эй паёмбар] Ҳатман, паёмбароне пеш аз ту [низ аз сӯйи кофирон] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, пас, он чи ки масхарааш мекарданд, домонашонро гирифт [ва гирифтори азоб шуданд]
6:11 [Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чигуна будааст»
6:12 Бигӯ: «Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист»? Бигӯ: «Аз они Аллоҳи мутаол аст, ки раҳматро бар хеш воҷиб гардонидааст, [ва] ҳатман, шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, [назди худ] ҷамъ хоҳад кард. Ва касоне, ки ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд
6:13 Ва ҳарчи дар шабу рӯз ором [-у қарор] дорад аз они Ӯст ва Ӯ шуновову доност
6:14 Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳи мутаолро [барои худ дӯст ва] корсоз гирам? [Парвардигоре] Ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад ва худ рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «Ман фармон ёфтаам, ки нахустин касе [аз ин уммат] бошам, ки таслим [-и амри илоҳӣ] шудааст ва [Аллоҳ таоло бар ман фармон дод, ки]: “Ҳаргиз аз мушрикон набошам”
6:15 Бигӯ: «Агар ман аз [ҳукми] парвардигорам нофармонӣ кунам, бе тардид аз азоби рӯзи бузург метарсам»
6:16 Ҳар ки дар он рӯз ба вай азоб нарасад, ҳатман, [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кардааст ва ин ҳамон пирӯзии ошкор аст
6:17 [Эй инсон] Агар Аллоҳ таоло [бихоҳад] зиёне ба ту расонад, ҳеҷ касе ҷуз Ӯ бартарафкунандаи он нест; ва агар [ирода кунад, ки] хайре ба ту расонад, [касе боздорандаи он нест] пас, Ӯ бар ҳама чиз тавоност
6:18 Ва Ӯст, ки бар бандагони худ чира [ва мусаллат] аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст