Маркази тарҷумаи Равод — 128
6:1 Ситоиш Аллоҳ таолорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва рӯшноӣ [шабу рӯз]-ро падид овард. Бо ин ҳама, касоне, ки куфр варзидаанд, [дигаронро дар тавону тадбир] бо Парвардигори худ баробар медонанд
6:2 Ӯст, ки шуморо аз гил офарид, он гоҳ муддатеро [барои ҳаётатон] муқаррар дошт ва аҷал, ҳатман, назди Ӯст. Бо ин ҳама шумо [дар қудрати Ӯ барои барпо шудани қиёмат] тардид мекунед
6:3 Ва Ӯст Аллоҳ таоло [Маъбуди ягона] дар осмонҳо ва замин, ниҳону ошкоратонро медонад ва он чиро ба даст меоваред,[ва анҷом медиҳед низ] медонад
6:4 Ва ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои Парвардигорашон ба инон [кофирон] намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон мешаванд
6:5 Ҳамоно онон ҳақро, ҳангоме ки ба сӯяшон омад, дурӯғ шумурданд, пас, ба зудӣ хабарҳои он чиро, ки масхарааш мекарданд, ба онон хоҳад расид
6:6 Оё [кофирон] надиданд, ки пеш аз онон чи [бисёр] гурӯҳҳое аз мардумро нобуд кардем? [Умматҳое] Ки дар замин ба эшон чунон иқтидор [ва неруе] дода будем, ки [ҳаргиз] ба шумо чунон имконоте надодаем ва борони осмонро паёпай бар онон фиристодем ва наҳрҳо падид овардем, ки зери [хонаҳои] онон ҷорӣ буд. Пас, [ҳангоме ки носипосӣ карданд, Мо] эшонро ба [сазои] гуноҳҳояшон нобуд кардем ва пас аз онҳо гурӯҳи дигаре падид овардем
6:7 Ва [эй паёмбар, ҳатто] агар китобе [навишта] бар коғаз бар ту нозил мекардем ва эшон он [китоб]-ро бо дастони хеш ламс мекарданд, ҳатман, касоне, ки куфр варзидаанд мегуфтанд: «Ин [китоб чизе] нест, магар ҷодуи ошкор»
6:8 Ва [кофирон] гуфтанд: «Чаро фариштае ба ӯ нозил нашудааст [то гувоҳи ростгӯияш бошад]»? Ва агар фариштае мефиристодем [ва имон намеоварданд], ҳатман, кор ба поён мерасид ва муҳлате [барои тавба] намеёфтанд [ва ҳалок мешуданд]