>

Маркази тарҷумаи Равод — 127

5:114 Исо – писари Марям - [дуо кард ва] гуфт: "Бор Илоҳо, Парвардигоро, суфраи [пурғизо] аз осмон бар мо бифрист, то иде бошад барои имрӯзиён ва ояндагонамон ва [ҳамчунин] муъҷизае аз [ҷониби Ту] бошад ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарин рузидиҳандаӣ"

5:115 Аллоҳ таоло [дуои ӯро иҷобат кард ва] фармуд: "Ман онро бар шумо нозил мекунам, аммо ҳар касе аз шумо, ки пас аз он куфр биварзад, ӯро ба чунон азоб [-и сахт] дучор мекунам, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониёнро ончунон азоб накарда бошам"

5:116 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки [рӯзи қиёмат] Аллоҳ таоло мефармояд: "Эй Исо – писари Марям, оё ту ба мардум гуфтӣ, ки: "Ману модарамро [ҳамчун] ду маъбуд ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузинед"? [Исо] мегӯяд: "[Бор Илоҳо] Ту муназзаҳӣ, шоиста нест, ки ман [дар бораи хештан] чизе, ки ҳаққам нест бигӯям. Агар чунин [суханеро] гуфта бошам, бе гумон, Ту медонӣ. Ту он чиро, ки дар нафси ман аст, медонӣ ва [-ле] ман он чиро, ки дар зоти [поки] Туст намедонам. Бе тардид, Ту худ донои розҳои ниҳонӣ

5:117 Ҷуз он чи маро ба он фармон додӣ, чизе ба онон нагуфтам. [Гуфтам, ки] "Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману шумост". Ва то замоне, ки миёнашон ба сар мебурдам, бар [суханони] онон гувоҳ будам ва чун маро [ба сӯйи Хеш] баргирифтӣ, Ту худ муроқибашон будӣ ва Ту бар ҳар чизе гувоҳӣ

5:118 Агар ононро [бо адолатат] азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро [бо раҳматат] бубахшоӣ, Туӣ, ки шикастнопазири ҳакимӣ"

5:119 Аллоҳ таоло мефармояд: "Имрӯз рӯзест, ки ростии ростгӯён ба онон суд мебахшад. Онон боғҳое [дар биҳишт] доранд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онон хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд. Ин ҳамон растагории бузург аст"

5:120 Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост, аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност