Маркази тарҷумаи Равод — 124
5:96 [Эй мусулмонон, дар ҳоли эҳром] Сайди дарёӣ ва хӯроки он барои шумо ҳалол шудааст, то шумо [ки дар Макка муқим ҳастед] ва корвониён [ки мусофиранд, ҳамагӣ] аз он бархӯрдор шавед, ва [-ле] то замоне ки дар эҳром ҳастед, сайди саҳроӣ бар шумо ҳаром аст ва аз Аллоҳ таоло, ки [рӯзи қиёмат] назди Ӯ ҷамъ мешавед, парво кунед
5:97 Аллоҳ таоло Каъбаи Байт-ул-ҳаромро василае барои устуворӣ [ва сомон бахшидан ба кори] мардум қарор дод ва [ҳамчунин, ҳурмати ҷангу даргирӣ дар] моҳи ҳаром ва [куштани] қурбонӣ [-и бенишон] ва қурбонии қалодадор [-ро барои осоиши мардум вазъ кард]. Ин [гуна аҳком] барои он аст, ки бидонед Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва ин ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
5:98 [Эй мардум] Бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст ва [дар айни ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
5:99 Паёмбар вазифае ҷуз расондани [ваҳй] надорад ва Аллоҳ таоло он чиро, ки ошкор мекунед ва пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад
5:100 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Палид ва пок яксон нестанд, ҳарчанд фаровонии палид [ӣ] туро ба шигифт оварад. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ таоло парво кунед, бошад, ки растагор шавед"
5:101 Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳое напурсед, ки агар [посухи ҳақиқиаш] бароятон ошкор гардад, андуҳгинатон мекунад ва агар замоне, ки Қуръон нозил мегардад, пурсуҷӯ кунед, [ҳукму посухи пурсишҳоятон] бар шумо ошкор мегардад. Аллоҳ таоло аз он [масоил ва баёни онҳо] даргузашт ва Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
5:102 Дар ҳақиқат, гурӯҳе [ки] пеш аз шумо [буданд низ] аз ин [гуна] пурсишҳо карданд, сипас [вақте ки ҷавоби ногувор барояшон омад], ба он [амал накарданд ва] куфр варзиданд
5:103 Аллоҳ таоло ҳеҷ гуна "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом" [анвои шутурҳои мухталифе, ки мушрикон вақфи бутҳояшон мекарданд]-ро [барои худ] қарор надодааст, вале касоне, ки куфр варзиданд, [бо иддаои ҳурмати ин ҳайвонот] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд ва бештарашон дарнамеёбанд