Маркази тарҷумаи Равод — 123
5:91 Дар ҳақиқат, шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёнатон душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ва аз намоз боздорад, пас, [эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқатро донистед] оё аз онҳо даст бармедоред?
5:92 Ва аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва фармонбари паёмбар бошед ва [аз гуноҳу нофармонӣ] ҳазар кунед. Пас, агар рӯй гардондед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо [чизе] ҷуз иблоғи ошкор нест
5:93 Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, гуноҳе дар он чи [пеш аз ҳукми таҳрими шароб] хӯрдаанд, нест, [албатта] дар сурате ки [аз муҳаррамот] парҳез кунанд ва имон биоваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, сипас парҳезкорӣ кунад ва имон биоваранд, он гоҳ [беш аз пеш] парҳезкорӣ кунанд ва некӣ намоянд. Ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
5:94 Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ таоло шуморо [дар ҳоле ки дар эҳром ҳастед] ба чизе аз шикори [саҳроӣ], ки дар дастраси шумо ва найзаҳоятон бошад, меозмояд, то маълум дорад, чи касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Пас, ҳар ки баъд аз ин [озмун] аз ҳад даргузарад [ва дар ҳоли ҳаҷ ё умра шикор кунад], азоби дарднок [дар пеш] дорад
5:95 Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад. Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст