>

Маркази тарҷумаи Равод — 122

5:84 Чаро ба Аллоҳ таоло ва он чи аз ҳақ ба мо расидааст, имон наёварем, ҳол он ки умед дорем, ки Парвардигорамон моро бо гурӯҳи шоистагон [ба биҳишт] дароварад"?

5:85 Пас, Аллоҳ таоло ба поси он чи гуфтанд, ба онон боғҳое [аз биҳишт] подош дод, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст ҷазои накукорон

5:86 Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд

5:87 Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ таоло барои [истифодаи] шумо ҳалол кардааст, [ба баҳонаи зуҳду диндорӣ бар худ] ҳаром накунед ва [аз ҳад] таҷовуз нанамоед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло мутаҷовизон [-и ҳудуди илоҳӣ]-ро дӯст намедорад

5:88 Ва аз чизҳои ҳалол [ва] покизае, ки Аллоҳ таоло бар шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳ таоло, ки ба Ӯ имон доред, парво кунед

5:89 Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда [ва беихтиёратон] бозхост намекунад, вале дар савгандҳое, ки [огоҳона] мехӯред [ва мешканед], муохаза мекунад. Пас, каффораи он, хӯрок додан ба даҳ тиҳидаст аз ғизоҳои [маъмулӣ ва] мутавассити шаҳратон аст ё либос додан ба даҳ нафар [аз мустамандон] ё озод кардани як барда. Агар касе [тавоноии молӣ надорад ё ҳеҷ як аз инҳоро] намеёбад, пас, се рӯз рӯза [бигирад]. Ин каффораи савгандҳои шумост, [барои] ҳар замон, ки савганд ёд кардед [ва онро шикастед]. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед [ва нашканед]. Аллоҳ таоло ин чунин оёти худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки сипос гузоред

5:90 Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, шаробу қимор ва бутҳову тирҳои қуръакашӣ палид [ва] аз кор [-ҳои] шайтон ҳастанд, пас, аз онҳо дурӣ кунед, бошад, ки растагор шавед