>

Маркази тарҷумаи Равод — 121

5:78 [Афроде] Аз Бани Исроил, ки куфр варзиданд, аз забони Довуд [дар Забур] ва [аз қавли] Исо писари Марям [дар Инҷил] мавриди лаънат қарор гирифтанд. Ин [нафрин] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва [аз ҳудуди илоҳӣ] таҷовуз менамуданд

5:79 Онон якдигарро аз [гуноҳону] кор [-ҳои] зиште, ки анҷом медоданд, наҳй намекарданд. Ба ростӣ, чи бад буд он чи мекарданд!

5:80 [Эй паёмбар] Бисёре аз ононро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ мекунанд. Ба ростӣ, чи зишт аст, он чи барои худ пеш фиристоданд, ки [дар натиҷаи он низ] Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифт ва ҷовидона дар азоб мемонанд

5:81 Ва агар [яҳудиён] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар ва он чи бар ӯ нозил шудааст, имон меоварданд, онон [кофирон]-ро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бисёре аз онон нофармонанд

5:82 [Эй паёмбар] Яқинан, яҳудиён ва касонеро, ки ширк варзиданд, душмантарини мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт ва наздиктарин дӯстон ба муъминонро касоне хоҳӣ ёфт, ки мегӯянд: "Мо масеҳӣ ҳастем". Ин ба хотири он аст, ки миёни эшон кашишон ва роҳибон [-и ҳақпараст] ҳастанд ва [низ] аз он рӯст, ки такаббур намеварзанд

5:83 Ва чун оётеро, ки бар паёмбар нозил шудааст, мешунаванд, мебинӣ бар асари он чи аз ҳақ шинохтаанд, чашмонашон ашк меборад ва мегӯянд: "Парвардигоро, имон овардем, пас, моро дар зумраи [мусулмонон ва] гувоҳон бинавис