>

Маркази тарҷумаи Равод — 120

5:71 [Оре, яҳудиён паймон шикастанд] Ва пиндоштанд, ки муҷозоте дар кор нест, пас, кӯр гаштанд [ва ҳақро надиданд] ва кар шуданд [ва ҳақро нашуниданд]. Он гоҳ [тавба карданд ва] Аллоҳ таоло тавбаи эшонро пазируфт. Сипас бисёре аз эшон [боз ҳам дар баробари ҳидоят] кӯру кар шуданд ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, биност

5:72 Онон, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ писари Марям аст", яқинан кофир шуданд, дар ҳоле ки [худи] Масеҳ гуфт: "Эй Бани Исроил, Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвадигори шумост. Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, Аллоҳ таоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд"

5:73 Касоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Руҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид

5:74 Оё ба сӯйи Аллоҳ таоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

5:75 Масеҳ писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки пеш аз ӯ [низ] паёмбарони дигаре буданд ва модараш зани ростгӯ буд. Ҳар ду [монанди инсонҳои дигар] ғизо мехӯрданд. [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна оёт [-и худ]-ро барояшон равшан месозем ва боз бингар, ки чи гуна рӯйгардон мешаванд

5:76 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Оё чизеро ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ки суду зиёне бароятон надорад? Ва [ҳол он ки] Аллоҳ таоло шунавову доност"

5:77 Бигӯ: "Эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ ғулув [ва зиёдаравӣ] накунед ва аз ҳавасҳои гурӯҳе пайравӣ накунед, ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёре [аз пайравонашон]-ро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаанд"