>

Маркази тарҷумаи Равод — 12

2:77 Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон медоранд ва ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад?!

2:78 Ва бархе аз онон бесаводоне ҳастанд, ки [фақат ба тиловати содаи Таврот дилхушанд] ва китоби Аллоҳро ҷуз мушти хаёлоти хом намедонанд ва танҳо ба пиндорҳои хеш [ки аз бузургонашон фаро гирифтаанд] дил бастаанд

2:79 Пас, вой бар касоне, ки бо дасти худ менависанд, сипас мегӯянд: "Ин аз ҷониби Аллоҳ таоло аст", то онро ба баҳои андак бифурушанд! Пас, вой бар онҳо аз он чи дастҳояшон навиштааст ва вой бар онон аз он чи [аз ин роҳ] ба даст меоваранд!

2:80 Ва [яҳудиён] гуфтанд: "Оташи дӯзах ҷуз чанд рӯзи маҳдуде ҳаргиз ба мо нахоҳад расид". Бигӯ: "Оё аз назди Аллоҳ таоло паймоне гирифтаед, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз хилофи паймонаш накунад? Ё чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед"?!

2:81 Оре, ҳар ки муртакиби гуноҳе шавад ва гуноҳонаш ӯро иҳота кунад, онон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд

2:82 Ва касоне, ки имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, онон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд

2:83 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки аз Бани Исроил паймон гирифтем, ки: "Ҷуз Аллоҳи ягонаро парастиш накунед ва ба падару модару наздикону ятимон ва бенавоён некӣ кунед ва ба мардум [сухани] нек бигӯеду намоз барпо доред ва закот бипардозед", вале ҳамаи шумо, ҷуз иддаи каме пушт гардонидед ва рӯйгардон шудед