Маркази тарҷумаи Равод — 119
5:65 Ва агар аҳли китоб имон меоварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, яқинан, гуноҳонашонро мезудудем ва ононро ба боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ворид мекардем
5:66 Ва агар онон ба Таврот ва Инҷил ва он чи аз сӯйи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст [Қуръон] амал мекарданд, ҳатман, аз [баракоти осмони] болои сарашон ва аз [неъматҳои замини] зери пояшон бархӯрдор мешуданд. Бархе аз онон миёнарав ҳастанд, ва [-ле] бисёре аз эшон [ба сабаби беимонӣ] корҳои баде анҷом медиҳанд
5:67 Эй Паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ таоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
5:68 Бигӯ: "Эй аҳли китоб, шумо бар ҳеҷ [оини дурусте] нестед, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред". Ва [эй паёмбар] бе тардид, он чи аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд, пас, бар [ин] гурӯҳи кофир афсӯс махӯр
5:69 Бе гумон, касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ ва собиӣ [фитратгаро] ва масеҳӣ ҳастанд, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
5:70 Яқинан, мо аз Бани Исроил [дар мавриди итоат аз фармони ҳақ] паймон гирифтем ва паёмбароне ба сӯяшон фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре чизе овард, ки ҳавои нафсашон намеписандад, гурӯҳеро дурӯғгӯ хонданд ва гурӯҳеро куштанд