Маркази тарҷумаи Равод — 115
5:42 Онон [яҳудиён] бисёр гӯш ба дурӯғ месупоранд, [ва] моли ҳароми фаровон мехӯранд. Пас, [эй паёмбар] агар [барои додхоҳӣ] наздат омаданд, миёнашон доварӣ кун ё аз эшон рӯй бигардон. Ва [яқин бидон, ки] агар аз онон рӯй бигардонӣ, ба ту ҳеҷ зиёне намерасонанд, ва [-ле] агар доварӣ кардӣ, бо адолат миёнашон доварӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло додгаронро дӯст медорад
5:43 Ва онон чи гуна туро ба доварӣ металабанд, дар ҳоле ки Таврот наздашон аст, [ва] ҳукми Аллоҳ таоло дар он вуҷуд дорад? Сипас баъд аз он [додхоҳӣ, агар сухане хилофи майлашон бигӯӣ, аз дастури Таврот ва ҳукми ту] руй мегардонанд ва инон муъмин нестанд
5:44 Ба ростӣ, Мо Тавротро нозил кардем, ки дар он ҳидоят ва нур аст. Паёмбароне, ки [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслим буданд, бар асоси [омӯзаҳои] он барои яҳудиён доварӣ мекарданд ва донишмандону фақеҳон [-и яҳудӣ], ки посдорӣ аз китоби Аллоҳ таоло [ва ҷилавгирӣ аз таҳрифи Таврот] ба онон супурда шуда буд ва бар [ҳаққонияти] он гувоҳ буданд [ва бино ба дастурҳояш ҳукм мекарданд]. Пас, [эй яҳудиён, дар иҷрои аҳкоми илоҳӣ] аз мардум натарсед ва аз Ман битарсед ва оётамро ба баҳои ночиз нафурӯшед. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, доварӣ накунад, кофир аст
5:45 Ва дар он [Таврот] барои эшон [Бани Исроил] муқаррар доштем, ки: "Ҷон дар баробари ҷону чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон аст ва [ҳатто] захмҳо қасос доранд". Пас, ҳар ки аз он гузашт намояд, он [бахшиш] каффораи [гуноҳони] ӯст. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтааст ва] ситамгор аст