>

Маркази тарҷумаи Равод — 112

5:24 [Бани Исроил] Гуфтанд: "Эй Мӯсо, то замоне ки онон дар он ҷо хастанд, мо ҳаргиз ворид намешавем. Ту ва Парвардигорат биравед ва биҷангед. Мо ҳамин ҷо менишинем"

5:25 [Мӯсо] Гуфт: "Парвардигоро, ман ҷуз ихтиёри худам ва бародарам [ихтиёри шахси дигареро] надорам, пас, миёни мо ва ин гурӯҳи нофармон ҷудоӣ бияфкан"

5:26 [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Дар ин сурат [вуруд ба] он [сарзамини муқаддас] то чиҳил сол бар онон ҳаром шудааст, [ва пайваста] дар замин саргардон хоҳанд буд. Пас, ба хотири [рафтори] ин гурӯҳи нофармон афсӯс махӯр"

5:27 Ва [эй Паёмбар] достони ду писари Одам [Ҳобил ва Қобил]-ро ба ҳақ бар эшон бихон: ҳангоме ки [ҳар кадом] барои тақарруб [ба даргоҳи Аллоҳ таоло] як қурбонӣ тақдим карданд, аз яке пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. [Қобил ба Ҳобил] Гуфт: "Ҳатман, туро хоҳам кушт". [Ҳобил] Гуфт: "Аллоҳ таоло [қурбониро] фақат аз парҳезкорон мепазирад

5:28 Агар ту дастатро барои куштани ман дароз кунӣ, ман ҳаргиз дастамро барои куштан ба сӯят дароз нахоҳам кард, [зеро] бе тардид, ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам

5:29 [Он гоҳ барои он ки ӯро битарсонад гуфт] "Ман мехоҳам, ки ту бо гуноҳи [қатли] ман ва гуноҳи [аъмоли] худат [ба сӯйи Аллоҳ таоло] бозгардӣ ва аз аҳли дузах бошӣ. Ва ин аст сазои ситамгорон"

5:30 Пас, нафси [саркаши] ӯ куштани бародарашро барояш орост [ва муваҷҷаҳу осон ҷилва дод]. Пас, ӯро кушт ва аз зиёнкорон шуд

5:31 Он гоҳ Аллоҳ таоло калоғ [зоғ]-еро фиристод, ки дар замин ҷустуҷӯ [ва ковиш] мекард, то [калоғи мурдаеро дафн кунад ва ин гуна] ба вай нишон диҳад, ки чи гуна ҷасади бародарашро бипӯшонад. [Қобил] Гуфт: "Вой бар ман! Оё нотавон будам аз ин ки ҳамчун ин калоғ бошам ва ҷасади бародарамро бипӯшонам"? Он гоҳ [ба сахтӣ аз кори зишти хеш] пушаймон шуд