Маркази тарҷумаи Равод — 11
2:70 Гуфтанд: "Аз Парвардигорат [боз ҳам] бихоҳ, то чигунагии он говро [аз ҳар ҷиҳат] барои мо равшан созад, зеро [вижагиҳои] ин гов ҳанӯз бароямон мубҳам аст ва иншоаллоҳ [бо тавзеҳоти ту] ҳидоят хоҳем шуд"
2:71 [Мӯсо] гуфт: "Вай мефармояд: "Он гове аст на чунон ром, ки заминро ҷуфт кунад ва ё киштзорро об диҳад, [аммо] беайб асту якранг ва дар он ҳеҷ ранги дигаре нест". Онон гуфтанд: "Инак сухани дуруст овардӣ". Сипас [чунон говеро пайдо карданд ва] онро сар буриданду [албатта] наздик буд, ки ин корро накунанд
2:72 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки фардеро куштед ва дар бораи [қотили] ӯ ба низоъ пардохтед ва Аллоҳ таоло чизеро, ки пинҳон мекардед, ошкор намуд
2:73 Пас гуфтем: "Порае аз [бадани] говро ба мақтул бизанед [то зинда шавад ва қотили хешро муаррифӣ кунад]. Аллоҳ таоло мурдагонро ҳамин гуна зинда мекунад ва нишонаҳои [ошкори қудрати] хешро ба шумо нишон медиҳад, бошад, ки бияндешед"
2:74 Пас аз он [бо вуҷуди ин муъҷизаи бузург] дилҳои шумо сахт шуд, ҳамчун санг, ё сахттар, зеро [ҳоли дилҳоятон ҳаргиз тағйир намекунад, аммо сангҳо дучори тағйиру таҳаввул мешаванд, чунон ки] бархе аз сангҳо мешикофанд ва аз онҳо ҷӯйборҳое ҷорӣ мешаванд ва бархе мешикофанду [чашмаҳои] об аз онҳо меҷӯшад ва бархе аз тарси Аллоҳ таоло [аз фарози кӯҳҳо] фурӯ меафтанд. Ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест
2:75 [Эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқати душмании яҳудиён бароятон ошкор гардид] Оё умед доред, ки ба [оини] шумо имон биёваранд, бо ин ки гурӯҳе аз [уламои] онон суханони Аллоҳро [дар Таврот] мешуниданд ва пас аз фаҳмиданаш [алфозу маонии] онро таҳриф мекарданд, ҳол он ки [аз бузургии гуноҳи хеш] иттилоъ доштанд
2:76 Ва [яке аз фиребкориҳояшон ин аст, ки] вақте бо муъминон рӯбарӯ мешаванд мегӯянд: "[Мо ҳам] имон овардаем", вале ҳангоме ки бо якдигар хилват мекунанд, мегӯянд: "Чаро матолиберо, ки [дар бораи вижагиҳои паёмбар ва ҳаққонияти ислом дар Таврот омадааст ва] Аллоҳ таоло барои шумо баён кардааст, барои мусулмонон бозгӯ мекунед, то [рӯзи қиёмат] дар пешгоҳи Парвардигоратон алайҳи [бар зидди] шумо ба он истидлол кунанд? Оё намефаҳмед"?