>

Маркази тарҷумаи Равод — 109

5:10 Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд

5:11 Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ ки гурӯҳе [аз душманон] қасд карданд, ки ба сӯятон даст дароз кунанд, пас, [Аллоҳ таоло] дасташонро аз шумо боздошт. Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

5:12 Ва бе тардид, Аллоҳ таоло аз Бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон [ба теъдоди қабоилашон] дувоздаҳ солор баргумоштем ва Аллоҳ таоло гуфт: "Ман бо шумо ҳастам. Агар намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ононро гиромӣ доред ва дар роҳи Аллоҳ таоло воми наку диҳед, гуноҳонатонро мезудоям ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунам, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Пас, ҳар як аз шумо, ки баъд аз ин кофир шавад, мусалламан, роҳи ростро гум кардааст"

5:13 Пас, ба [сазои] паймоншиканиашон ононро аз раҳмати хеш дур сохтем ва дилҳояшонро сахт гардондем, [зеро бо тағйири лафзу таъвили маъно] суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойгоҳаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд. Ва [эй паёмбар] ту пайваста дар бораи хиёнате аз сӯйи онон огоҳ мешавӣ, магар [шумори] андак аз эшон [ки хиёнаткор нестанд]. Пас, аз онон даргузар ва чашмпӯшӣ кун, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад