>

Маркази тарҷумаи Равод — 107

5:3 [Инҳо ҳама] Бар шумо ҳаром шудааст: [Гӯшти] Мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чи [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад ва [ҳайвони ҳалолгӯшти] хафашуда ва ба зарби [чӯбу санг] мурда ва азбаландиафтода ва шоххӯрдаву нимхӯрдаи [ҳайвоноти] дарранда – магар он чи [пеш аз мурдан] забҳ [-и шаръӣ] карда бошед – ва [ҳамчунин] он чи дар баробари бутҳо забҳ мешавад ва он чи бо чӯбҳои қуръа тақсим мекунед. Ва [ба яқин бидонед, ки рӯй овардан ба тамоми] инҳо нофармонӣ аст. Имрӯз кофирон аз дини шумо [ва бозгаштатон ба куфр] ноумед шудаанд, пас, аз онон натарсед ва аз ман битарсед. Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам. Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ ва] бидуни он ки ба гуноҳе мутамоил бошад, ночор [ба хӯрдани гӯштҳои манъшуда] шавад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

5:4 [Эй паёмбар, асҳобат] Аз ту мепурсанд, чи чиз барояшон ҳалол шудааст. Бигӯ: "Чизҳои покиза бароятон ҳалол гаштааст ва [ҳамчунин] он чи ба кумаки ҳайвоноти шикорӣ [ба даст меоваред, чаро], ки онҳоро бо он чи Аллоҳ таоло ба шумо омӯхтааст, дастомӯз мекунед. Пас, аз он чи [худ нахӯрдаанд ва] барои шумо гирифтаанд, бихӯред ва [ба ҳангоми забҳ ё фиристодани ҳайвоноти шикорӣ] номи Аллоҳро бар он бибаред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Бе гумон, Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст"

5:5 [Эй мусулмонон] Имрӯз хӯрокҳои покиза бароятон ҳалол шудааст ва [забоиҳу] ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо [низ] барои онон ҳалол аст ва [ҳамчунин издивоҷ бо] занони покдомани мусулмон ва занони покдоман аз [аҳли китоб, яъне] касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шудааст [ҳалол мебошад], ба шарти он ки маҳрияҳои ононро бипардозед, дар ҳоле ки худ покдоман бошед, на зинокор бошед ва на [занонро] пинҳонӣ ба дӯстӣ бигиред. Ва ҳар ки ба [аркони] имон куфр биварзад, ҳатман, амалаш табоҳ шудааст ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд