Маркази тарҷумаи Равод — 106
4:176 [Эй Паёмбар, дар бораи чигунагии тақсими ирс байни бародару хоҳари он майите, ки падару модар ва фарзанд надорад] аз ту мепурсанд. Бигӯ: "Аллоҳ таоло дар [мавриди] калола бароятон ҳукм содир мекунад: Агар марде, ки [падару модар ва] фарзанде надорад, фавт кунад ва хоҳаре дошта бошад, нисфи тарака аз они ӯст. [Ва агар зане фавт кунад ва бародаре дошта бошад] Дар сурате ки фарзанд надошта бошад, он мард [ҳамаи таракаро] аз ӯ ба ирс мебарад. Ва агар ду хоҳар [ё бештар аз майит] боқӣ бимонад, ду савуми тарака барои онҳост. Ва агар бародарону хоҳарон [бо ҳам] бошанд, ҳар марде [муодили] саҳми ду занро дорад. Аллоҳ таоло [ин аҳкомро] бароятон равшан месозад, то гумроҳ нашавед [ва дар тақсими ирс ба роҳи хато наравед] ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност"
5:1 Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо [-и худ] вафо кунед. [Хӯрдани гушти] Чаҳорпоён бар шумо ҳалол аст, магар он чи [ҳукмаш] бар шумо хонда шавад ва [ба шарти он ки] дар ҳоли эҳром [ҳаҷ ё умра] шикорро ҳалол нашуморед. Ҳамоно Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад ҳукм мекунад
5:2 Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳурмати] шаоири [фароиз ва муқаддасоти] илоҳӣ ва моҳи ҳаром [-ро нигаҳ доред] ва [ҳамчунин, ҳурмати] қурбонии бенишон ва қурбониҳои қалодадор (гарданбанддор) ва роҳиёни Байт-ул-ҳаром, ки фазлу хушнудии Парвардигорашонро металабанд. Ва чун аз эҳром хориҷ шудед, [метавонед озодона] ба шикор бипардозед ва [мабодо] душмании гурӯҳе, ки шуморо аз масҷидулҳаром боз доштанд, ба тааддӣ ва таҷовуз водоратон кунад. Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло сахткайфар аст