>

Маркази тарҷумаи Равод — 104

4:163 [Эй паёмбар] Бе тардид мо ба ту ваҳй фиристодем; ҳамон гуна, ки ба Нуҳу паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем ва [низ] ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] ва Исову Аюб ва Юнусу Ҳорун ва Сулаймон ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забур додем

4:164 Ва паёмбароне [фиристодем], ки дар ҳақиқат, [саргузашти] ононро пеш аз ин барои ту ҳикоят намудем ва паёмбароне [-ро низ барангехтаем], ки [достони] эшонро бароят баён накардаем. Ва Аллоҳ таоло бо Мӯсо ошкор [ва бевосита] сухан гуфт

4:165 Паёмбароне [фиристодем], ки башоратбахшу бимдиҳанда буданд, то барои мардум пас аз [биъсати] паёмбарон дар муқобили Аллоҳ таоло [ҳеҷ баҳона ва] ҳуҷҷате набошад. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шикастнопазири ҳаким аст

4:166 [Эй паёмбар, кофирон паёматро инкор мекунанд] Вале Аллоҳ таоло ба [дурустии] он чи бар ту нозил кардааст, шаҳодат медиҳад. Онро ба илми хеш нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд. Ва [барои ҳаққонияти Қуръон] кофист, ки Аллоҳ таоло гувоҳ бошад

4:167 Бе тардид, касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба гумроҳии дуру дарозе афтодаанд

4:168 Бе тардид, касоне, ки куфр варзиданд ва [бо ин кор бар худ] ситам карданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки биёмурзадашон ва ба роҳ [-и дуруст низ] ҳидояташон намекунад

4:169 Магар роҳи ҷаҳаннам, ки ҷовидона дар он мемонанд ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст

4:170 Эй мардум, ин паёмбар аз ҷониби Парвардигоратон [ҳидояту дини] ҳақро бароятон овардааст, пас, имон биёваред, ки ба хайр [-у салоҳ]-и шумост. Ва агар [суханашро напазиред ва] куфр биварзед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст [ва куфри шумо бар Ӯ зиёне намерасонад] ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст