Маркази тарҷумаи Равод — 103
4:155 Пас, ба [сазои] паймоншиканишон ва инкорашон нисбат ба оёти Аллоҳ таоло ва куштори ноҳаққи онон [аз] паёмбарон [лаънаташон кардем] ва [ба хотири ин] суханашон, ки: "Дилҳои мо [ҷойи сухани ҳақ нест ва] пӯшида аст", балки Аллоҳ таоло ба хотири куфрашон бар дилҳояшон муҳр задаст. Бинобар ин ҷуз андаке имон намеоваранд
4:156 Ва [низ] ба сазои куфрашон ва он туҳмати бузурге, ки ба Марям заданд
4:157 Ва [ононро лаънат кардаем ба хотири ин] суханашон, ки: "Мо Масеҳ – Исо писари Марям – паёмбари Аллоҳро куштем", дар ҳоле ки на ӯро куштанд ва на ба дор овехтанд, вале [амр] бар онон муштабаҳ шуд [ва мардеро, ки шабеҳи Исо буд, ба дор кашиданд] ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ҳатман, дар борааш дучори тардиданд ва ҳеҷ илме бад-он надоранд, магар он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан, ӯро накуштанд
4:158 Балки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи Хеш боло бурд. Ва Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
4:159 Ва [касе] аз аҳли китоб нест, магар ин ки пеш аз маргаш, ҳатман, ба ӯ [Исо] имон меоварад ва рӯзи қиёмат [низ] вай бар [куфру имони] онон гувоҳ хоҳад буд
4:160 Пас, ба сазои ситаме, ки аз яҳудиён сар зад ва ба сабаби боздоштани бисёре [аз мардум] аз роҳи Аллоҳ таоло, [мо низ] чизҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол буд, бар онон ҳаром кардем
4:161 Ва [низ ба сабаби] рибо гирифтанашон, бо он ки аз он наҳй шуда буданд ва ин ки моли мардумро ба нораво мехӯрданд. Ва мо барои кофиронашон азоби дарднок муҳайё кардаем
4:162 Вале аз миёни онон росихони дар илм [уламои яҳуд] ва муъминон [яъне онон, ки] ба он чи бар ту нозил шудааст ва он чи ки пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва [ҳамчунин] намозгузорону закотдиҳандагон ва имоноварандагон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи бозпасин, ба [ҳамаи] инҳо подоши бузурге хоҳем дод