>

Маркази тарҷумаи Равод — 102

4:148 Аллоҳ таоло бадгӯии ошкорро дӯст намедорад, магар аз ҷониби касе, ки ба ӯ ситам шудааст [ва ночор забон ба шикояту нафрин мекушояд]. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шунавову доност

4:149 Агар кори некро ошкор кунед ё онро пинҳон доред ё аз бадӣ [ва ситаме, ки ба шумо расидааст] даргузаред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи тавоност

4:150 Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд: "Мо ба баъзе имон дорем ва баъзеро инкор мекунем" ва мехоҳанд дар ин [миён байни куфру имон барои худ] роҳе баргузинанд

4:151 Ононанд, ки ба ростӣ, кофиранд ва мо барои кофирон азоби хоркунандае муҳайё кардаем

4:152 Ва касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд ва миёни ҳеҷ кадом аз онон фарқ намегузоранд, ба зудӣ [Аллоҳ таоло] подошашонро ато мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст

4:153 [Эй паёмбар] Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки [ба нишонаи ростгӯӣ] барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. [Ин дархосташонро бузург машмор, зеро онон] Аз Мӯсо [чизи бузургтар ва] аҷибтар аз ин хостанд ва гуфтанд: "Аллоҳро ошкоро ба мо нишон бидеҳ". Он гоҳ ба хотири дархости ноҳақашон, соиқа [ё марге] ононро фурӯ гирифт, он гоҳ [чун Аллоҳ таоло ононро дубора зинда кард] пас аз он ки нишонаҳои ошкор барояшон омад, гӯсолапарастӣ карданд, ва [-ле мо пас аз он ки тавба карданд] аз он [гуноҳашон низ] даргузаштем ва ба Мӯсо далели ошкор бахшидем

4:154 Ва ба сабаби паймон [гирифтан аз] онон [кӯҳи] Тӯрро болои сарашон барафроштем ва ба эшон гуфтем: "Бо фурӯтанӣ аз дарвоза [-и Байт-ул-муқаддас] ворид шавед" ва [ҳамчунин] ба онон гуфтем: "Ҳурмати шанберо нашканед [ва аз сайди моҳӣ даст бикашед]" ва аз онон паймони сахту устувор гирифтем