>

Маркази тарҷумаи Равод — 101

4:141 [Ҳамон] Касоне, ки [аз сари бадхоҳӣ ҳамвора] шуморо зери назар доранд, агар пирӯзӣ ва кушоише аз ҷониби Аллоҳ таоло насибатон гардад, мегӯянд: "Магар мо бо шумо набудем"? Ва агар баҳрае насиби кофирон гардад, [ба онон] мегӯянд: "Магар мо пуштибонатон набудем ва шуморо аз [газанди] муъминон боз надоштем"? Пас, Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат миёни шумо доварӣ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳаргиз барои кофирон роҳе [барои тасаллут] бар муъминон қарор надодааст

4:142 Бе тардид, мунофиқон [бо дурӯғгӯӣ ва тазоҳурашон] бо Аллоҳ таоло фиребкорӣ мекунанд [ва ҳол он ки ба сазои рафторашон] Аллоҳ таоло фиребдиҳандаи ононаст; ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ ва коҳилӣ бармехезанд [ва] бо мардум риёкорӣ мекунанд ва Аллоҳро ҷуз андаке ёд намекунанд

4:143 [Мунофиқон] Байни ин ду [гурӯҳ: муъминон ва кофирон] саргаштаанд, на бо инонанд ва на бо онон. Ва [эй паёмбар] ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе барои [ҳидояти] ӯ нахоҳӣ ёфт

4:144 Эй касоне, ки имон овардаед, кофиронро ба ҷойи муъминон, дӯстони [худ] нагиред. Оё мехоҳед, барои Аллоҳ таоло далели ошкоре ба зиёни худ [барои азоб] падид оваред?

4:145 Ҳамоно мунофиқон дар фурӯтарин дараҷоти дузаханд ва ҳаргиз ёваре барояшон нахоҳӣ ёфт

4:146 Магар онон, ки тавба карданд ва [ботини хешро] ислоҳ намуданд ва ба [китоби] Аллоҳ таоло тамассук ҷустанд ва дини худро барои Аллоҳ таоло холис гардонданд. Пас, инон бо муъминонанд ва Аллоҳ таоло ба муъминон подоши бузурге хоҳад дод

4:147 Агар шукр кунед ва имон оваред, Аллоҳ таоло чи ниёзе ба муҷозоти шумо дорад? Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шукргузори доност