>

Маркази тарҷумаи Равод — 100

4:135 Эй касоне, ки имон овардаед, барподорандаи адолат бошед [ва] барои Аллоҳ таоло шаҳодат диҳед, агарчи ба зиёни худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад. Агар [яке аз ду тарафи даъво] тавонгар ё ниёзманд бошад, [боз ҳам] Аллоҳ таоло [аз шумо] ба он ду нафар сазовортар аст, пас, аз ҳавои нафс пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ] мунҳариф мешавед. Ва агар забонро бигардонед, [ва ҳақро таҳриф кунед] ё [аз изҳори он] худдорӣ намоед, мусалламан, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст

4:136 Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ таоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст

4:137 Бе тардид, касоне ки имон оварданд, сипас кофир шуданд ва пас аз он имон оварданд ва боз кофир шуданд ва он гоҳ бар куфри [худ] афзуданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки ононро бибахшояд ва ба роҳ [-и рост, ки ба саодати абадӣ хатм мегардад] ҳидояташон кунад

4:138 [Эй паёмбар] Ба мунофиқон хабар бидеҳ, ки азоби дарднок барояшон [дар пеш] аст

4:139 [Ҳамон] Касоне, ки кофиронро ба ҷойи муъминон ба дӯстӣ бармегузинанд. Оё сарбаландиро назди онон меҷӯянд? Пас, [бояд бидонанд, ки] ҳамаи сарбаландӣ аз они Аллоҳ таоло аст

4:140 Ва [эй муъминон] мусалламан, [Аллоҳ таоло ин ҳукмро] дар ин китоб [Қуръон] бар шумо нозил кардааст, ки: "Чун шунидед [афроде] оёти Аллоҳро инкор мекунанд ва онро ба тамасхур мегиранд, бо онон нанишинед, то ба сухани дигар бипардозанд. [Агар бо онон биншинед] Дар ин сурат, ҳатман, шумо [низ] ҳаммонанди онон хоҳед буд". Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамаи мунофиқон ва кофиронро дар дузах гирд меоварад