>

Маркази тарҷумаи Равод — 10

2:62 Дар ҳақиқат касоне, ки [холисона ба ислом] имон овардаанд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва масеҳиёну собеон [фитратгароён], ҳар, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон биёварад ва кори шоистае анҷом диҳад, подошашон назди Парвардигорашон аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд

2:63 Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки аз шумо паймон гирифтем ва [кӯҳи] Турро болои саратон барафроштем [ва гуфтем]: "Он чи [аз аҳкоми Таврот] ба шумо додаем, бо ҷиддият бигиред ва ончиро, ки дар он аст, ёд кунед, бошад, ки парҳезкор шавед"

2:64 Вале баъд [аз он ҳама аҳду паймон] аз ин [фармон] рӯй бартофтед ва агар фазлу бахшиши Аллоҳ таоло бар шумо намебуд, яқинан дар зумраи зиёнкорон будед

2:65 Мусалламан аз [шарҳи ҳоли] касоне аз худатон огоҳ шудаед, ки дар [мавриди ҳукми ҳурмати сайди моҳӣ дар рӯзҳои] шанбе таҷовуз карданд. Пас, ба онҳо гуфтем: "Бӯзинаҳои хору рондашуда бошед"!

2:66 Пас, он [кайфар] – ро ибрате барои мардуми он замон ва наслҳои пас аз эшон ва [ҳамчунин] панду андарзе барои парҳезгорон қарор додем

2:67 Ва [ба ёд оваред] замоне, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Аллоҳ таоло ба шумо дастур медиҳад, ки модаговеро забҳ кунед". Онон гуфтанд: "Оё моро масхара мекунӣ"? [Мӯсо] гуфт: "[Тамасхур кори ҷоҳилон аст ва] Ба Аллоҳ таоло паноҳ мебарам, аз ин ки дар зумраи ҷоҳилон бошам"

2:68 Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан кунад, ки он чи гуна [гове] аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гове аст на пир ва на ҷавон, балки миёнасоли байни ин ду бошад. Пас, [акнун] он чиро, ки дастур ёфтаед, анҷом диҳед"

2:69 Гуфтанд: "Аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо равшан созад, ки рангаш чи гуна аст"? [Мӯсо] Гуфт: [Аллоҳ таоло] Мефармояд: "Он гов зарди пуррангест, ки [рангаш] бинандагонро шод мекунад"