Маркази тарҷумаи Равод — 596
92:10 Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем
92:11 Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт
92:12 Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост
92:13 Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост
92:14 Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам
92:15 Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад
92:16 [Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид
92:17 Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад
92:18 [Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад
92:19 Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад
92:20 Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш
92:21 Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд
93:1 Савганд ба оғози рӯз
93:2 Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад
93:3 [Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст
93:4 Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст
93:5 Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ
93:6 Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод?
93:7 Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард
93:8 Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд
93:9 Пас, [ту низ] ятимро маёзор
93:10 Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун]
93:11 Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]
94:1 [Эй Паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем?
94:2 Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем?