Маркази тарҷумаи Равод — 13
2:84 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва ҳамдигарро аз сарзаминатон берун накунед; сипас шумо иқрор кардед ва худ [бар он паймон] гувоҳӣ медиҳед
2:85 Пас аз он, ҳамин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва ба гуноҳу ситам алайҳи онон ба якдигар ёрӣ мекунед ва агар [баъзе аз онон дар ҷанг бо ҳампаймонони араби шумо гирифтор шаванд ва ба сурати] асир наздатон биёянд [бо он ки ҳамдини шумо ҳастанд, дар баробари озодиашон] фидя мегиред, ҳол он ки ихроҷи онон [аз ҳамон оғоз] бар шумо ҳаром буд. Оё ба бахше аз [дастуроти] китоб [-и осмонӣ дар мавриди фидя гирифтан] имон меоваред ва ба бахше [ки шуморо дар бораи ҳамдинонатон супориш мекунад] кофир мешавед? Пас, ҷазои ҳар касе аз шумо, ки чунин кунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ин ҷаҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд; ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест
2:86 Инон касоне ҳастанд, ки зиндагонии дунёро ба баҳои охират хариданд, пас, азоби онҳо сабук карда намешавад ва касе ёриашон нахоҳад кард
2:87 Ҳамоно ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва пас аз ӯ паёмбарони пайдарпай фиристодем; ва ба Исо писари Марям муъҷизоту далоили равшан додем ва ӯро ба василаи Рӯҳулқудус [Ҷабраил] тақвият кардем. Оё чунин нест, ки ҳар гоҳ паёмбаре чизе бархилофи ҳавои нафсатон оварад, дар баробараш такаббур намудед ва гурӯҳеро такзиб кардед ва гурӯҳеро куштед
2:88 Ва [яҳудиён барои пайравӣ накардан аз Муҳаммад (с) аз рӯйи тамасхур] гуфтанд: "Дилҳои мо пӯшида ва дар ғилоф аст", [чунин нест] балки Аллоҳ таоло онро ба сазои куфрашон лаънат кардааст, пас, [ба ҳамин далел аст, ки] бисёр кам имон меоваранд