Маркази тарҷумаи Равод — 521
51:7 Савганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост
51:8 Ки шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред
51:9 Ҳар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд
51:10 Марг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!
51:11 Ҳамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд
51:12 Онон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»
51:13 Ҳамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд
51:14 [Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»
51:15 [Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд
51:16 Он чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд
51:17 Онон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]
51:18 Ва саҳаргоҳон омурзиш мехостанд
51:19 Ва дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд
51:20 Дар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст
51:21 ва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?
51:22 Ва ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст
51:23 Пас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст
51:24 [Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
51:25 Чун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»
51:26 Он гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард
51:27 [Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»
51:28 [Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд
51:29 Ҳамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?
51:30 [Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»