>

Маркази тарҷумаи Равод — 511

48:1 [Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо пирӯзии ошкореро [дар сулҳи Ҳудайбия] бароят муқаддар кардем

48:2 То Аллоҳ таоло гуноҳи гузашта ва ояндаатро биёмурзад ва неъматашро бар ту тамом гардонад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд

48:3 Ва Аллоҳ таоло ба пирӯзии шикастнопазире ёриат кунад

48:4 Ӯст, ки бар дилҳои муъминон оромиш нозил кард, то бар имонашон бияфзоянд; ва сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

48:5 [Оре, чунин кард] То мардону занони муъминро ба боғҳое [биҳиште] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд; ва гуноҳонашонро бизудояд [ва биёмурзад]; ва ин назди Аллоҳ таоло [барои муъминин] комёбии бузурге аст

48:6 Ва мунофиқону мушриконро – дар умум аз зану мард, ки нисбат ба Аллоҳ таоло бадгумонанд, муҷозот кунад; ногуворӣ [ва азоби илоҳӣ] бар эшон бод! Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифта ва аз раҳмати хеш дурашон карда ва дузахро барояшон омода намудааст; ва [ба ростӣ, ки дузах] чи бад ҷойгоҳе аст!

48:7 Сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

48:8 [Эй Паёмбар] Мо туро гувоҳ ва муждадиҳанда ва ҳушдордиҳанда фиристодем

48:9 То [шумо мардум] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред ва [дини] Ӯро ёрӣ кунед ва бузургаш доред ва бомдоду шомгоҳ Аллоҳро тасбеҳ гӯед