>

Маркази тарҷумаи Равод — 331

21:102 Онон садои он [оташи ҳавлнок ва фарёдҳои дузахиён]-ро намешунаванд ва дар он чи майл дошта бошанд, ҷовидона [дар осоиш] ҳастанд

21:103 Ваҳшати бузурги [қиёмат] андуҳгинашон намесозад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд]: «Ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода мешуд»

21:104 Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод

21:105 Ва ба ростӣ, пас аз Таврот дар Забур навиштем, ки: «Заминро бандагони шоистаам ба ирс мебаранд»

21:106 Бе гумон, дар ин [сухан ибрату] паёми равшане барои парастишгарон аст

21:107 Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем

21:108 Бигӯ: «Дар ҳақиқат, ба ман ваҳй мешавад, ки: «Бе тардид, маъбуди шумо маъбуде ягона аст. Пас, оё таслим [-и даъвати ҳақ] мешавед?»

21:109 Пас, агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Ман [ҳамаи] шуморо ба таври яксон огоҳ кардам [ва дар бораи азоби илоҳӣ ҳушдор додам] ва намедонам, он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё дур»

21:110 Яқинан, ӯ сухани ошкоро медонад ва он чиро [дар дили хеш] пинҳон мекунед, [низ] медонад

21:111 Ва намедонам, шояд ин [таъхири азоб мояи] озмоиш ва баҳрамандии шумо то муддате [муайян] бошад»

21:112 [Паёмбар] Гуфт: «Парвардигоро, [байни мо ва кофирон] ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Аллоҳи] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи [аз куфру ширк] мегӯед, аз ӯ ёрӣ мехоҳем»